Декабр 30, 2019 11:22 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубодилоти тиҷории Душанбе-Маскав то як миллиард доллар

Сафири Русия дар Душанбе гуфтааст, ки мизони муомилоти тиҷории кишвараш бо Тоҷикистон то поёни имсол ба як миллиард доллар хоҳад расид.

Ба нақл аз Азия-Алюс, Игор Фролов гуфта, ки дар 11 моҳи гузашта артиши муомилоти тиҷории Русия бо Тоҷикистон ба 953 миллион доллар расидааст, ки ин рақам то поёни имсол аз як миллиард доллар фаротар хоҳар рафт.

Вай таъкид кардааст, ки Русия бо ин мизон муомилоти тиҷорӣ муҳимтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Ба гуфтаи Фролов мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар дар соли 2019 ба 3 миллиард доллар хоҳад расид.

Сафири Русия дар Душанбе таъкид кард, ки ин манобеи молӣ нақши бисёр муҳиме дар иқтисоди Тоҷикистон, ҳифзи суботи иҷтимоӣ, таъмини ниёзи маишатии хонаводаҳои коргарони муҳоҷир ифо мекунад ва аз сӯи дигар коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия тахассусҳои мавриди ниёзи ширкатҳои русиро фаро мегиранд.

Фролов ибрози умедворӣ кардааст Тоҷикистон бо пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз имтиёзоте, ки барои коргарони муҳоҷири Қирғизистон фароҳам шудааст, истифода кунанд.

Ба гуфтаи сафири Русия, коргарони муҳоҷири қирғизӣ дар масоили корӣ, иқомат, бимаи дармонӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ аз ҳуқуқ ва имтиёзоти яксоне бо шаҳрвандони русӣ бархурдоранд.

 

Барчасп