Вазорати кишвари Тоҷикистон бозпурсӣ аз рӯҳонии тоҷикро тасдиқ кард
Мақомоти Вазорати кишвари Тоҷикистон таъкид карданд, Хайриддин Абдуллоҳ, рӯҳонии тоҷики дорои шаҳрвандии Русия таҳти бозпурсӣ қарор дорад.
Ба нақл аз манобеи хабарӣ дар Тоҷикистон, Умарҷон Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати кишвари Тоҷикистон гуфтааст, мақомоти ин вазоратхона дар мавриди баррасии бархе масоил, аз ин рӯҳонӣ суолҳое пурсида шуда ва баъдан мураххас хоҳад шуд.
Сухангӯи Вазорати кишвари Тоҷикистон тавзеҳоти бештаре дар мавриди қазияи ин рӯҳонӣ ироа надодааст.
Ин дар ҳоле аст, ки Парвина Алолова, ҳамсари Хайридин Абдуллоҳ гуфтааст, ки ҳамсараш ба гуфтаи худи ӯ дар Вазорати кишвари Тоҷикистон қарор дорад ва эъҳтимолан то панҷшанбе телефонаш дар ихтиёри мақомот бошад ва наметавонад посухгӯ бошад.
Қаблан расонаҳо аз боздошти Хайриддин Абдуллоҳ дар рӯзи 29-и декабр, ба ҳангоми бозгашташ аз Русия дар фурӯдгоҳи Душанбе хабар дода буданд.