Январ 02, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сафири Тоҷикистон дар Эрон бар қонунмандии таҳсили шаҳрвандони тоҷик

Сафири Тоҷикистон дар Эрон ; Тулоби тоҷикӣ бояд қонунманд дар дигар кишварҳо таҳсил кунанд.

Ба нақл аз ИРНА, Низомиддин Зоҳидӣ дар ҷамъи тулоби тоҷикии машғул ба таҳсил дар ҳавзаи илмияи Дорулулуми аҳли суннати Зоҳидон гуфт ; тулоби Тоҷикистони машғул ба таҳсил дар ҳавзаҳои илмияи Эрон бояд барои судури раводид ва таи марҳалаҳои қонунӣ барои идомаи таҳсил ба кишварашон баргарданд ва дар кумитаи дин номнависӣ кунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон афзуд ; талабаҳо бояд ба сафоратхони кишварашон муроҷиа кунанд то ҳузури онон қонунӣ шавад ва ё барои идомаи таҳсил ба ватани худашон бозгарданд.

Вай гуфт; агар ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон,ки барои таҳсил дар дигар кишварҳо ҳастанд қонунӣ шавад ҳам Тоҷикистон ва ҳам барои кишвари мизбон мушкил эҷод нахоҳад кард.

Зоҳидӣ гуфт; бисёре аз шаҳрвандони мо дар мадрасаҳои улуми динии Эрон,Покистон, Афғонистон ва Бангладеш таҳсил мекунанд,ки бояд аз вазияти онон иттилоъ пайдо кунем зеро бисёре аз онон раводид надоранд ва ё мудати қонунии он ба итмом расида ва мо мехоҳем заминаи ҳузури қонунии онҳоро фароҳам кунем.

Вай идома дод; мо бояд аз раванди таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар дигар кишварҳо иттилоъ пайдо кунем,ки барои қонунӣ кардани таҳсили онон Кумитаи дин ташкил шудааст.

Зоҳидӣ таъкид; шаҳрвандони Тоҷикистон,ки дар дигар кишварҳо дар ҳоли таҳсил ҳастанд бояд номашонро дар Кумитаи дини кишварашон сабт кунанд,ки дар чи кишваре дар ҳоли таҳсил ҳастанд.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон аз мудири Ҳавзаи илмияи Дорулулуми аҳли суннати Зоҳидон хост то номи шаҳрвандони ин кишварро,ки дар ин Ҳавза машғул ба таҳсил ҳастандро эълом кунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон идома дод ; масеҳӣ, яҳудӣ, шиъа ва суннӣ дар Эрони исломӣ мусолиматомез бо ҳам зиндагӣ мекунанд.

Мудири ҳавзаи илмияи Дорулулум ва имоми ҷумъаи масҷиди Макии аҳли суннати Зоҳидон низ дар ин дидор гуфт ; мутаасифона дар ҷаҳони ислом ифрот ва тафрит бисёр зиёд аст аммо мо ҳамеша дар паи эътидол буда ва ҳастем.

Вай баён кард ; дар Эрони исломӣ 2 мазҳаби шиъа ва суннӣ бо бародарӣ, ҳамдилӣ ва иттиҳод бо якдигар зиндагӣ мекунанд ва мо ҳамвора роҳи эътидолро пайгирӣ кардаем.

Имом ҷумъаи масҷиди Макии аҳли суннати Зоҳидон изҳор дошт ; мо ҳеҷгоҳ иҷоза надодаем,ки ифротгароӣ дар байни мардуми мо нуфуз кунад гарчи талоши зиёде карданд аммо мо бо он муқобила кардем.

Вай тасриҳ кард ; уламо ва мадрасаҳои динии мо ба гурӯҳҳои ифротӣ иҷоза надоданд,ки ихтилоф дар байни уммати исломӣ эҷод кунанд ва мо бо ҳар навъи ифротгароӣ ба шиддат мухолифат кардаем.

Вай баён кард ; касоне,ки аз Ҳавзаи илмияи Дорулулуми дониш омӯхта мешаванд ҳамвора хайрхоҳи мардум буда ва ҳастанд.

 Имом ҷумъаи масҷиди Макии аҳли суннати Зоҳидон гуфт; Ҷараёнҳои ифротие,ки дар Ироқ ва Сурия фаъолият мекарданд ҳатто як нафар ҳам аз донишомӯхтагони Ҳавзаи илмияи Дорулулуми Зоҳидон ба ин гурӯҳҳо напайвастанд зеро мо бо ифрот ва тафрит ба шиддат мухолиф ҳастем.

Вай дар робита бо шумори шаҳрвандони Тоҷикистон,ки дар ҳавзаҳои илмияи аҳли суннати зоҳидон машғул ба таҳсил ҳастанд изҳор дошт ; ҳудуди 20 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба таври пароканда дар Ҳавзаҳои илмияи ин шаҳр машғул ба таҳсили улуми Қуронӣ ҳастанд.