Январ 07, 2020 13:58 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Тоҷикистон раиси нави муассисаи фарҳангии ЭКО

Намояндаи Тоҷикистон раиси нави муассисаи фарҳангии ЭКО шуд.

Ба нақл аз ФорсНюз, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз интихоби намояндаи ин кишвар ба унвони раиси нави муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО хабар дод.

Сарвар Бахтӣ намояндаи Тоҷикистон раёсати муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодиро бар уҳда гирифт.

Маросими муаррифии раиси нави муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон бо ҳузури Низомиддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон баргузор шуд.

Зоҳидӣ таи суханоне дар ин маросим бар аҳамияти нақши муассисаи фарҳангии ЭКО дар тавсеаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви ин созмон таъкид кард.

Дабири кулли ЭКО, муовини Вазорати умури хориҷаи Эрон ва дигар мақомоти кишварҳои узв дар суханоне  раиси нави муассисаи фарҳангии ЭКО-ро ба муносибати интихобшудан ба ин симат табрик гуфтанд.

Сарвар Бахтӣ низ ба навбаи худ зимни суханоне таъкид кард, таи давраи сесолаи раёсати Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии ЭКО вай тамоми талошро барои тавсеа ва беҳбуди фаолияти ин созмон ба харҷ хоҳад дод. Вай аз ҷумла ба бархе барномаҳо ва тарҳҳое, ки интизор меравад иҷрои онон ба тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои узв кумак мекунад ишора кард.