Имзои тавофуқнома байни Тоҷикистон ва Туркия дар бахши мудирияти масрафи об
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49874-Имзои_тавофуқнома_байни_Тоҷикистон_ва_Туркия_дар_бахши_мудирияти_масрафи_об
Тоҷикистон ва Туркия қасд доранд дар ояндаи наздик тавофуқномае дар бахши мудирияти масрафи об имзо кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 11, 2020 10:21 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқнома байни Тоҷикистон ва Туркия дар бахши мудирияти масрафи об

Тоҷикистон ва Туркия қасд доранд дар ояндаи наздик тавофуқномае дар бахши мудирияти масрафи об имзо кунанд.

Ба нақл аз Форс, давлати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир пешнависи санади марбутаро барои таъйид ба ниҳодҳои муртабит ирсол кардааст.

Дар пешнависи ин тарҳ омадааст,ки санади мазкур бо тақозои 2 тараф барои тақвияти робитаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркия имзо мешавад.

Дар ин санад ироаи кумакҳои фаннӣ ва ҳамчунин табодули таҷриба дар бахши обрасонӣ ва тасфияи об пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин тарафайн дар заминаи мудирияти ҷараёни рӯдхонаҳо ва манбаъҳои обӣ бо дар назар гирифтани коҳиши зарфияти онҳо дар натиҷаи тағйири иқлим, ниёзҳои рӯ ба рӯшди бахши кишоварзӣ, санойеъ ва масрафи рӯзонаи мардум, табодули таҷриба мекунанд.

Дар ин санад ҳамчунин ташкили шабакаи мутахасисони 2 кишвар ва табодули таҷриба дар заминаи мудирияти санадҳо аз ҷумла омодасозӣ ва иҷроии пружаҳои муштарак дар заминаи об пешбинӣ шудааст.

Барои ҳамкорӣ дар ин тавофуқнома аз муасисаҳои давлатӣ ва илмӣ ва ҳамчунин ширкатҳои хусусӣ ва Созмонҳои ғайри давлатӣ даъват ба ҳамкорӣ шудааст.