Январ 11, 2020 16:09 Asia/Dushanbe
  • Назорати 500 нозири байналмилаллӣ бар наҳваи иҷроии интихоботи парлумонии Тоҷикистон

Камисиюуни марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кард ; 500 нозири байналмиллалӣ дар интихоботи парлумонии ин кишвар бар наҳваи иҷроии интихобот назорат доранд.

Ба нақл аз Осиё Плюс, Тоҷикистон бо ирсоли даъватномаи расмӣ аз Кумитаи иҷроии Ҷомиъаи ҳамсуди , Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Маҷмаъи байни парлумонии Ҷомиъаи ҳамсуди Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо даъват кардааст, ки нозирони худро барои арзёбии чигунагии баргузории интихоботи парлумонӣ ба ин кишвар эъзом кунанд.

Ҳамчунин 1000 нафар аз нозирони дохилӣ ҳам интихоботи парлумонии Тоҷикистонро назорат хоҳанд кард.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо интихоби Шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва маҳалӣ  дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 курсӣ ва маҷлиси миллӣ 33 курсӣ дорад.

Ҳадди нисоби вуруди довталабон ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон касби 5 дар сад райи ҳавзаи интихобия хоҳад буд,ки ҳизбҳои ширкаткунанда бо ин шохис метавонанд як довталабро ба ниҳоди қонунгузорӣ бифиристанд.

Нахустин нишасти муштараки Маҷлиси намояндагони миллии Тоҷикистон рӯзи 27 март баргузор мешавад ва дар ин ҷаласа раисон, муовинон ва раисони Кумитаҳои ин ду Маҷлис интихоб хоҳанд шуд.