Январ 18, 2020 10:37 Asia/Dushanbe
  • Истихроҷи 8 тон тиллои соли гузашта аз маъданҳои Тоҷикистон

Вазорати санойеъ ва фановариҳои навини Тоҷикистон эълом кард соли гузашта 8 тону 100 киллограм тилло аз маъданҳои ин кишвар истихроҷ шуд.

Ба нақл аз Осиё Плюс , истихроҷи ин мизони тилло дар Тоҷикистон дар соли 2019 дар муқоиса ба соли 2018 ҳудуди 27 дар сад афзоиш доштааст.

Ба гуфтаи коршиносони идораи маъданшиносии Тоҷикистон дар ин кишвар 137 маъдани тилло шиносоӣ шудааст ,ки мизони захираҳои онҳо ҳудуди 500 тон аст.

Акнун дар Тоҷикистон 10 ширкати истихроҷи тилло фаол аст ,ки бузургтарини онҳо ширкати муштараки Тоҷикистон ва Чин мавсум ба Зарафшон аст ,ки истихроҷи 70 дар сад аз маъданҳои тилло дар Тоҷикистонро бар уҳда дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар моли 2019 қонуни эътои муҷавизи истихроҷи тилло ба ширкатҳо ва ашхоси ҳақиқиро тасвиб кард ,ки бояд бар асоси қарордод бо идораҳои  ҳукуматҳои маҳалӣ ва мувофиқати Вазорати андози ин кишвар иқдом ба истихроҷ кунанд.

Барчасп