Дархост аз Вазорати маорифи Тоҷикистон барои поён додан ба мақоланависии иҷбории омӯзгорон
Нашрияи парлумони Тоҷикистон бо интишори матлабе аз Вазорати маорифи ин кишвар хостааст, ки омӯзгорони мактабҳои давлатиро аз навиштани мақолаҳо муоф кунад, то онон бар кори тадрис тамаркуз кунанд.
Ба нақл аз нашрияи Садои мардум-и парлумони Тоҷикистон, дар ин матлаб таъкид шудааст, ки дар солҳои ахир, омӯзгорони мактабҳои давлатӣ дар шаҳрҳо ва рустоҳои Тоҷикистон барои ин ки битавонанд дар озмӯни тарфеъи унвон ширкат кунанд, маҷбуранд мақолотеро ба чоп бирасонанд.
Ин матлаб меафзояд, омӯзгорон маҷбуранд ба идораҳои нашрияҳои Омӯзгор, Маърифати омӯзгор ва Адаб муроҷеа кунанд, ки ба далели зиёд будани теъдоди мутақозиёни чопи мақола, имкони интишори тамомии мақолаҳои омӯзгорон вуҷуд надорад.
Бар асоси ин гузориш, моҳҳо вақт лозим аст то мақолаҳои омӯзгорон пас аз ислоҳ дар ин нашрияҳо мунташир шавад.
Сайфиддин Суннатӣ нависандаи ин матлаб таъкид кардааст, меъёри арзёбии фаолияти омӯзгорон бояд дониш ва таҷрибаи онон бошад, ки чи теъдод аз донишомӯзони онон вориди донишгоҳҳо мешаванд ва дар озмӯнҳои илмии дохилӣ ва байналмиллалӣ мақом касб мекунанд. Ҳамчунин бояд ин мавзӯъ ба таври ҷиддӣ баррасӣ шавад, ки мақолаҳои иҷбории омӯзгорон аз нигоҳи илмӣ чи аҳамияте дорад?