Январ 20, 2020 17:14 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Бонки Миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе

Роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои Бонки Миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Ба гузориши Форс, дар ин дидор Мартин Галстян, мушовири байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ барномаеро дар заминаи иҷрои тарҳи«фаъолияти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бар асоси таҷрибаи соири кишварҳо дар заминаи мазкур аз соли 1960 милодӣ ва нуфузи онҳо дар тавсеаи иқтисодии кишварро муаррифӣ кард.

Ҳамчунин дар ин дидор таъкид шуд, ки тарҳи мазкур ба тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон ва тадвину иҷрои сиёсати арз ва эътибори ин кишвар кумак хоҳад кард.

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин эълом карданд, ки дар чорчӯби амалисозии ин тарҳ ба ироаи улуми равишшинохтӣ ва мафҳумии омӯзиши фазои тиҷорӣ таваҷҷӯҳи вижа хоҳад шуд.

Дар чорчӯби иҷрои ин проект барои баррасии назароти мудирони ширкатҳои мухталиф дар мавриди вазъияти феълии тиҷорат ва ҳамчунин барнома ва интизороти онон барои оянда назарсанҷӣ мешавад.