Тасвиби тарҳи нави пардохти маблағи барқӣ масрафӣ барои муштаракони пойтахти Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи нави пардохти маблағи барқи масрафиро барои муштаракони пойтахт тасвиб кард.
Ба нақл аз сомонаи Осиё Плюс ,Фарухҳамроҳ Ализода раиси Кумитаи давлатии мудирияти амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон замони ин тарҳ ба маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт ; то 5 соли оянда барои тамоми муштаракони барқ дар шаҳри Душанбе қонуни нави пардохти маблағи барқи масрафӣ ба сурати пешпардохт иҷро мешавад.
Вай гуфт ; 250 ҳазор василаи андозгирии мизони масрафи барқ ( контур ) ба маблағи 88 миллион доллар барои муштаракони барқ дар Душанбе харидорӣ ва насб хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай имсол иҷроии ин тарҳ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир ин тарҳ ба таври озмоишӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Сарбанд ва ноҳияи Рӯдакӣ оғоз шудааст.
Бо насби ин васоили андозагири барқи масрафӣ масрафи иттилофи барқ аз 19 дарсади феълӣ ба 12 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Бар асоси ин муқарарот, муштаракони барқ мувазаф ҳастанд ,ки оғози ҳар моҳ ҳазинаи барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби ширкати давлатии Барқи тоҷик вориз кунанд ва интиқоли барқ ба манзилҳои маскунӣ фақат бо доштани корти вижаи пардохти ҳазина саронаи хадамот (шот ) имконпазир хоҳад буд.
Дар ин муқарарот таъкид шудааст ,ки дар сурати бадҳисобии муштаракон ва доштани қарз барқи манзили онҳо қатъ хоҳад шуд.