Январ 23, 2020 11:03 Asia/Dushanbe
  • Такзиби вогузории комили нерӯгоҳи Роғун ва ширкати Талко ба бахши хусусӣ

Мақомоти Парлумони Тоҷикистон хабари вогузории комили нерӯгоҳи Роғун ва ширкати Талко ба бахши хусуиро такзиб карданд.

Ба нақл аз Спутник ,дар ин замина Шариф Раҳимзода,раиси Кумитаи иқтисод ва молиёти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт ; танҳо бахше аз ин ду тарҳи муҳими миллӣ ба фурш гузошта мешавад.

Ба гуфтаи ин мақоми Парлумонии Тоҷикистон бахшҳое аз Рғун ва Талко ,ки идомаи нигаҳдории онҳо барои ҳукумати Тоҷикистон зиёновар аст , фурухта хоҳад шуд,аммо асли нерӯгоҳ ва ширкат ҳамчунон миллӣ хоҳанд буд.

Ахбори мунташир шуда дар бораи вогузории нерӯгоҳи Рғун ва ширкати Талко ба бахши хусусӣ дар таи рӯзҳои ахир ба баҳсҳои гарме дар расонаҳои гурӯҳӣ ва шабакаҳои маҷозӣ табдил шудааст.

Нерӯгоҳи барқӣ -обии Роғун дар шарқ ва корхонаи алюмин мавсум ба ширкати Талко дар ғарби Тоҷикистон аз тарҳҳои бузурги иқтисодии ин кишвар маҳсуб мешаванд.