Январ 25, 2020 10:04 Asia/Dushanbe
  • Эътои тобеияти русӣ ба 44 ҳазор тоҷикистонӣ дар соли 2019

соли гузашта 44 ҳазор тоҷик тобеияти Русияро дарёфт карданд.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати кишвари Русия,дар соли 2019 ҳудуди 250 ҳазор хориҷӣ тобеияти Русияро дарёфт карданд ,ки 44 ҳазор нафари онон Тоҷикистонӣ буданд.

Ҳамчунин дар соли 2019 барои 234 ҳазор нафар иҷозатномаи иқомат ва барои 182 ҳазор тани дигар иҷозатномаи иқомати доим дар Русия содир шуд.

Дар соли 2019 Вазорати кишвари Русия ислоҳияе ба қонуни эътои тобеияти ин кишвар ба атбои хориҷиро ,ки дар тобистони ҳамон сол иҷроӣ шудро тасвиб кард ,ки бар асоси ин ислоҳия аз қонуни волидайне ,ки фарзандони онон тобеияти русӣ доранд , метавонанд аз ҳамон ибтидои вуруд ба Русия бегирифтани иҷозаи иқомати мувақати 3 сола,барои дарёфти тобеияти ин кишвар иқдом кунанд.

Аммо шарти асосӣ дар ислоҳия доштани 18 сол син барои фарзандони ин афрод аст ,ки имтиёзи дарёфти тобеияти Русияро барои волидони онон фароҳам мекунанд.

Коршиносон мегуянд ҳар сол ҳазорон тоҷикистонии мутахас бо муҳоҷират аз ин ҷумҳурӣ ба Русия мераванд ва ин сабаб шуда то донишомӯхтагони донишгоҳҳо,ки бештари онҳо бетаҷриба ҳастанд вориди бозори кори Тоҷикистон шаванд.