Январ 25, 2020 11:05 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Франсия дар Душанбе бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон

Сафири Франсия дар Душанбе бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидор кард.

Ба нақл аз Форс ,Сироҷиддин Меҳруддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ёсамин Гуидор сафири Франсия дар ин кишвар дидор ва гуфтугу карданд.

Дар ин мулоқот масоили марбут ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ шуд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот натиҷаҳои сафари расмии Имомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Франсия дар рӯзҳои 7 то 12 уми моҳи ноябри соли 2019 имилодӣ баррасӣ шуд.

Тарафҳо ҳамчунин дар мавриди дигар масоили мавриди алоқаи дуҷониба баҳс ва табодули назар карданд.