Шикасти дастаи футболи Тоҷикистон дар муқобили тими футболи Арабистон
(last modified Wed, 29 Jan 2020 13:07:10 GMT )
Январ 29, 2020 18:07 Asia/Dushanbe
  • Шикасти дастаи футболи Тоҷикистон дар муқобили тими футболи Арабистон

Тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо шикаст муқобили “Алаҳлӣ”, аз расидан ба марҳалаи гурӯҳии Лиги қаҳрамонони Осиё бозмонд.

Ба гузориши сайти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар охирин бозии плейофи Лиги қаҳрамонони Осиё 2020 тимҳои “Алаҳлӣ”-и Арабистон ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон дишаб дар варзишгоҳи Малик Абдуллоҳи шаҳри Ҷидда ба масофи ҳам рафтанд.

Ин бозӣ дар шароите баргузор шуд, ки “Истиқлол” ҳафтаи гузашта бо пирӯзӣ муқобили “Локомотив”-и Тошканд шигифтии бузургеро халқ кард ва дар остонаи суъуд ё болоравӣ ба марҳалаи гурӯҳӣ қарор гирифт, аммо тасмими довари таиландӣ дар эъломи хатои пеналти ба нафъи Арабистон дар охирин лаҳазоти бозӣ муҷиби шикасти намояндаи Тоҷикистон шуд.

Дар ҳамин замина сомонаи варзишии 3 ҳам навишт, дар шароите, ки тасаввур мешуд бозӣ бо натиҷаи сифр бар сифр ба вақти изофа хоҳад рафт, аммо бозикуни “Алаҳлӣ” бо вонамуд кардани маризӣ ва ҳоли бад доштан боис шуд то довар пушти муҳаввата хато бигирад.

Пас аз ирсоли зарба Юсуф Билолӣ рӯйи замин афтод ва довар хатои пиналтии машкукро эълом кард то ҳамин бозикуни алҷазоирӣ голи пирӯзии тими “Алаҳлӣ”-ро дар дақиқаи 91 вориди дарвозаи тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон бикунад.

Бозикунони тими “Истиқлол”, ки намоиши бисёр хуберо ироа карда ва шоистагии худро нишон дода буданд, пас аз эъломи хатои пеналти ба довар эътироз карданд, аммо эътирозҳо ҳам беасар буд.