Январ 29, 2020 19:48 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Олмон дар Берлин

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Олмон дар Берлин дидор карданд.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳайку Мас, вазири умури хориҷаи Олмон дар шаҳри Берлин мулоқот карданд.

Ба гузориши “Форс”, дар ин дидор дурнамои вазъияти кунунӣ ва муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва омӯзишии ду кишвар баррасӣ шуд.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амният ва муҳити зист баҳсу табодули назар карданд.

Дар поёни ин мулоқот тарафайн тавофуқномаи байнидавлатӣ дар мавриди фаъолияти кории аъзои хонаводаҳои кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулиро имзо карданд.