Январ 30, 2020 10:39 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 4 дарсади барқи Тоҷикистон дар соли 2019 дар неругоҳи Роғун

Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом кард ,ки соли гузашта ҳудуди 4 дар сади барқи ин кишвар дар неругоҳи барқӣ обии Роғун тавлид шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷикта , Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карданд ,ки мизони барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун дар соли 2019 ҳудуди 840 миллион килловват соат аст.

Турбинаи нахусти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун пас аз 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон 16 уми ноябри соли 2018 баҳрабардорӣ шуд ва турбинаи дуввуми ин неругоҳ ҳам 9 сентиябри соли 2019 дар солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон тавлиди барқро оғоз кард.

Неругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард килловват соат барқ дар сол , бузургтарин тарҳи барқӣ обии минтақа аст , пешбинӣ мешавад ,ки бо ислоҳи қонуни тасҳили сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ дар тарҳҳои муҳим, заминаи дарёфти вом аз хориҷ барои такмили сохти неругоҳи барқӣ обии Роғун фароҳам шавад , зеро манбаъҳои ихтисосёфта дар будҷаи имсоли ҳукумати Тоҷикистон барои тасриъ дар сохти ин неругоҳ кофӣ нест.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбинаи неругоҳи барқӣ обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мигавват барқ дар сол , содироти барқи Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом кард ,ки дар соли 2019 дар ин кишвар 20 миллиарду 700 миллион килловват соат барқ тавлид шуда ,ки дар муқоиса бо соли 2018 ҳудуди 1 миллиард килловват соат бештар аст.

Сохт, насб ва роҳандозии турбинаҳои неругоҳи Роғун дар соли 2033 ба поён мерасад.