Январ 30, 2020 11:13 Asia/Dushanbe
  • Сохти ҳафтумин пули иртиботӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон

Вазири ҳамл ва нақли Тоҷикистон гуфт ; ҳафтумин пули иртиботӣ миёни ин кишвар ва Афғонистон бар рӯи рӯдхонаи марзии Ому сохта мешавад.

Ба нқл аз хабаргузории давлатии Ховар, Худоёр Худоёрзода ин матлабро дар нишасти хабарии масулони Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе эълом кард.

Вай гуфт ; ,ки ин пули нав дар миёни минтақаҳои муҳими марзи шаҳристони Фархори Тоҷикистон ва бандари Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистон сохта мешавад.

Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон афзуд ; ин пул 297 метр тул ва 4 руним метр арз дорад.

Вай таъкид кард ҳазинаи сохти пули нав миёни Тоҷикистон ва афғонистон 9 миллиону 800 ҳазор доллар баровард шудааст.

Аз дидгоҳи Худоёрзода масири нав , иртиботе миёни Тоҷикистон ва афғонистон заминаи рушди тиҷорат байни марзи ин ду кишвар , эҷоди иштиғол барои сокинони минтақаҳои ҳам марзи вилоятҳои Хатлон ва Тахорро эҷод ва Тоҷикистонро аз бунбасти ҳамлу нақли ҷодаиро хориҷ хоҳад кард.

Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон ҳамчунин аз имзои тафоҳумномаи сохти роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар Душанбе хабар дод, ки бо иттисол ба роҳи оҳани Туркманистон , ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи бандари Чобаҳори Эрон ба обҳои озод дастрасӣ пайдо мекунад.