Хунсо шудани чаҳор ҳамлаи террористии ДИИШ дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 22 Jul 2016 13:28:01 GMT )
Июл 22, 2016 18:28 Asia/Dushanbe
  • Хунсо шудани чаҳор ҳамлаи террористии ДИИШ дар Тоҷикистон

Вазири дохилаи Тоҷикистон гуфт, тарҳи ҳамалоти интиҳорӣ ба марокизи амниятии ин кишвар бо дастури гурӯҳи террористии ДИИШ омода шуда буд, аммо мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ин тарҳро хунсо ва афроди мазнунро боздошт карданд.

Вазири дохилаи Тоҷикистон аз хунсо шудани 4 ҳамлаи террористии гурӯҳи ДИИШ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе афзуд: "Тарҳи ҳамалоти интиҳорӣ бо дастури ДИИШ қарор буд дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Панҷакент иҷро шавад, аммо мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ин тарҳро хунсо ва муттаҳамонро боздошт карданд". 

Раҳимзода ҳамчунин гуфт: "Ҳазору 661 нафар аз атбои ин кишвар таҳти таъқиби Полиси байналмилал қарор доранд, ки аз ин миён Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва 1400 тани дигар ба даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ муттаҳам ҳастанд". 

Вай ҳамчунин таъкид кард, дар нимаи аввали имсол 368 нафар аз аъзои гурӯҳҳои террористӣ боздошт ва 110 гурӯҳи созмонёфтаи дигар дар ин кишвар ошкор ва безарар карда шудаанд.