Феврал 04, 2020 09:48 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли парвандаи 9 муттаҳами ҳамла ба дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон ба Суди Олӣ

Мақомоти Суди Олии Тоҷикистон аз ирсоли парвандаи 9 муттаҳами ҳамла ба дидбонгоҳи марзии Ишқобод-и ин кишвар ба додгоҳ хабар доданд.

Ба нақл аз Спутник, ин матлаб дар нишасти хабарии  Мақомоти Суди Олии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе эълом шуд.

Ба гуфтаи Мақомоти Суди Олии Тоҷикистон  санҷишу тафтиши парвандаро Прокуратураи генералӣ ба анҷом расонда, дар ихтиёри Суди Олӣ қарор дода ва ин ниҳод муҳокимаи омилони ин ҳамларо оғоз мекунад.

Пас аз ҳамла ба дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон,  мақомоти амниятӣ ва интизомии ин кишвар теъдоди куштаҳои нерӯҳои ҳукуматӣ дар шаби 6 ноябри соли гузаштаро  ду нафар ва талафоти муҳоҷимонро 15 тан эълом карда буданд, аммо манобеи ғайрирасмӣ бар асоси баргузории маросими хоксупории низомиёни кушта шуда шумораи талафоти нерӯҳои ҳукуматиро 6 нафар эълом карданд.

Гуруҳи террористии "ДОИШ" масъулияти ҳамлаи террористӣ ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро  ба дӯш гирифта, аз кушта шудани 10 низомии тоҷик хабар дода буд.

Ҳамчунин ба гуфтаи мақомоти амниятии Тоҷикистон дар ин ҳамла 9 мард, 11 зан ва 13 кудак ширкат доштанд.