Таъйини раиси нави Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Тоҷикистон
(last modified 2020-02-05T12:01:58+00:00 )
Феврал 05, 2020 17:01 Asia/Dushanbe
  • Таъйини раиси нави Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармоне раиси нави Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳуриро таъйин кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз содир шуд, Хуршед Зиёӣ, раиси Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон ба симати раиси нави Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар мансуб шуд.

Пеш аз ин Диловар Қодирзода, ки акнун ба унвони муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон муаррифӣ шудааст, дар ин симат фаъолият мекард.

Раиси нави Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Тоҷикистон донишомӯхтаи риштаи забони арабӣ дар Донишгоҳи давлатии ин кишвар аст, ки дар даврони Шӯравӣ дар Либия ба унвони мутарҷим фаъолият мекард ва қаблан корманди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон буд.

Ҳамчунин бар асоси фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, додситони низомӣ, муовинони Вазорати дифоъ ва Нерӯи марзбонии Тоҷикистон аз симатҳояшон барканор ва ҷойгузини якдигар шудаанд.

Аз сӯи дигар, бар асоси фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон мудирони 3 минтақаи озоди иқтисодӣ, мудири Китобхонаи Миллӣ ва муовинонаш, руасои идороти хидмати низомӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе, вобастагони низомии чанд сафорати ин кишвар дар хориҷ барканор ва афроди дигаре ба ин симатҳо таъйин шудаанд.

Матолиби муртабит: 

Карантини 150 мусофири бозгашта аз Чин дар вилояти Суғд

Қарантини 300 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар бахшҳои вижаи бемористони шаҳри Душанбе

Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз афзоиши қарзҳои корхонаҳо ва ниҳодҳои молии вилояти Хатлон

 

 

 

Барчасп