Феврал 06, 2020 17:09 Asia/Dushanbe
  • Баргузории аввалин даври ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Украина дар Киев

Нахустин нишасти сиёсии мақомоти вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Украина дар Киев баргузор шуд.

Ба гузориши Форс, ройзаниҳои мазкур дар сатҳ раисони бахшҳои сохтории вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар баргузор шуд.

Ҳайатҳои ду кишвар дар ройзаниҳои сиёсӣ, вазъият ва дӯрнамои муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро баррасӣ карданд.

Тарафайн ҳамчунин дар заминаи таомулоти ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин ройзании сиёсӣ, омодагии тарафайн барои эҷоди ангеза ва таъмиқи бештари ҳамкорӣ миёни ду кишвар таъкид шуд.