Таъдили коркунони ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйри Тоҷикистон
(last modified Sat, 08 Feb 2020 05:49:31 GMT )
Феврал 08, 2020 10:49 Asia/Dushanbe
  • Таъдили  коркунони ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйри Тоҷикистон

Муъовини мудири ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйри Тоҷикистон гуфт : 246 корманди ин ширкат ихроҷ ва ё бознишаста шуданд.

Ба нақл аз Тоҷ вик , Азизмуҳаммад Қурбонов гуфт ; то охирҳои соли гузашта 525 корманд дар ин ширкати ҳавопаймоӣ кор мекарданд.

Ӯ гуфт ; ҳамакнун фақат 279 нафар дар ин ширкати ҳавопаймоӣ фаъолият мекунанд.

Вай мизони ҳуқуқи пардохт нашудаи ин ширкат ба ба кормандони онро 11 миллиону 100 ҳазор сомонӣ эълом кард.

Ба гуфтаи Қурбонов дар ҳоли ҳозир ҳавопаймои Буинги 758 и ин ширкат як бор дар ҳафта аз мақсади Душанбе ба Маскав мусофир ҷо ба ҷо мекунад.

Муъовини мудири ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр афзуд ; дуввумин ҳавопаймои ин ширкат ҳам Буинг 767 дар шаҳри Тошканти Узбакистон таъмироти асосӣ мешавад ,ки дар ояндаи наздик таъмири он тамом хоҳад шуд.

Мушкилоти ширкати Тоҷик Эйр замоне буҳронӣ шуд ,ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 дастури бозррасии амалкарди молии ширкатро содир кард.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур дод иллати санадсозӣ ва гаронхаридани як фарванд ҳавопаймои Буинги 767 и мақомоти ин ширкатро баррасӣ кунанд.