Феврал 10, 2020 10:11 Asia/Dushanbe
  • Тасҳили шаҳрвандии Русия барои хонаводаи 11 нафараи тоҷик

Мақомоти Идораи полиси вилояти Маскав эълом кардаанд як хонаводаи тоҷикистонии дорои 11 фарзанд метавонад зудтар аз мавъуд шаҳрвандии Русияро дарёфт кунад.

Ба нақл аз хабаргузории Тос, мақомоти ин идора гуфтаанд барои ин хонаводаи тоҷик муқаррароти дарёфти осонтари шаҳрвандии Русия ба кор гирифта хоҳад шуд, ки мебоист шаш моҳ иқомати муваққат дошта бошанд, чаро ки ин хонаводаи тоҷикистонӣ ба Идораи полиси вилояти Маскав барои дарёфти иқомат муроҷеа кардааст, аммо  бояд ҳар чи сареътар ба муддати шаш моҳ иқомати худро сабт кунад. Пас аз ин муддат бидуни мушкил ба ин хонавода шаҳрвандии Русия эъто хоҳад шуд.

Падари ин хонавода гуфтааст, ки ба зудӣ фарзанди ёздаҳуми онон мутаваллид мешавад ва акнун барои дарёфти кумаки молии давлати Русия талош мекунад, аммо барои дарёфти кумаки молӣ ба шаҳрвандии Русия ниёз аст.

Хонум Ксения Мишанова- масъули Созмони дифоъ аз ҳуқуқи кудакон дар вилояти Маскав гуфтааст барои тасреъ дар раванди дарёфти шаҳрвандии Русия ба ин хонаводаи тоҷик кӯмак хоҳад кард, аммо то замони сабти иқомати онон ва дарёфти шаҳрвандии Русия тайи шаш моҳи оянда, мақомоти ноҳияи Арихова Зоеваи Маскав ба ин хонаводаи тоҷик кумакҳои молӣ ва ғизоӣ хоҳанд расонд.

Ҳукумати Русия дар чорчуби барномаи тасҳили эътои шаҳрвандии ин кишвар ба шаҳрвандони хориҷӣ ахиран эълом кард ин ашхос метавонанд бо ҳифзи гузарномаҳои миллии хеш шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кунанд.