Сентябр 29, 2016 18:08 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти 30 намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои дигар

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, беш аз 30 намояндагии дипломатии ин кишвар барои ҳимоят аз ҳуқуқу манофеи миллии шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои мухталифи дунё фаъолият мекунад.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Раҳмон дар маросими қадрдонӣ аз фаъолони дипломатияи Тоҷикистон, ки ба муносибати Рӯзи дипломат баргузор шуд, афзуд, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар раванди таърихии такомулу рушди ин кишвар ва табдили он ба кишвари соҳибихтиёру мустақил нақши муҳиму таъсиргузор доштааст.

Дар ин маросим бинои ҷадиди консулгарии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд.

29 сентябри соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон аввалин бор дар Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кардааст ва ба ҳамин хотир ин рӯз дар Тоҷикистон ба номи Рӯзи дипломат номгузорӣ шудааст.