Феврал 10, 2020 18:41 Asia/Dushanbe
  • Бишкек мизбони даври баъдии музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Нишасти ояндаи намояндагони давлати Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзҳои ду кишвар дар Бишкек баргузор мешавад.

Ба гузориши Форс, қарор аст, ин нишаст дар рӯзҳои 14 то 15 феврал дар Бишкек баргузор мешавад.

Як манбаи огоҳ аз раванди музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гуфтугӯ бо расонаҳо гуфт, ин нишаст бо назорати Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбай Жээнбеков, раисони ҷумҳури ду кишвар баргузор хоҳад шуд.

Раванди музокироти ду кишвар дар мавриди ин мавзӯъ умедворкунандааст, зеро раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон шахсан ин нишастро назорат мекунанд.

Аввалин музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар поёни ҳафтаи гузашта дар минтақаи Исфараи вилояти Суғд, таҳти раёсати Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Ҷениш Разоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон баргузор шуд.

Дар музокироте, ки дар Исфара баргузор шуд, ба дарк ва алоқаи муштараки ду тараф дар заминаи ҳалли масоили марбут ба таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ бо ҳадафи тақвияти бештари равобити дуҷониба таъкид шуд.

Дар музокироти қаблии ҳайатҳои давлати ду кишвар дар заминаи аломатгузории 114 километр аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқ шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки фақат 60 дарсад аз он, аломатгузорӣ шудааст.