Коршиноси рус: Маскав аз ҳамкории низомии Чину Тоҷикистон набояд нигарон бошад
Коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии Русия гуфт, имзои тавофуқнома байни Тоҷикистону Чин дар бораи эҷоди воҳидҳои низомӣ барои марзбонони тоҷик дар марзи ин кишвар бо Афғонистон набояд сабаби нигаронии Маскав шавад.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", Дмитрий Александров, коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии Русия гуфтааст, иқдоми Чин дар робита ба эҷоди воҳидҳои низомӣ дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон натиҷаи тавсеаи иқтисодии Пекин аст ва дар ин замина ҷое барои нигаронии Маскав вуҷуд надорад. Ин коршиноси рус таъкид кардааст, Чин ҳамзамон бо афзоиши равобити иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар талош аст, то бо таваҷҷуҳ ба вазъи феълии Афғонистон ҳамкориҳои низомии худро бо ин кишварҳо низ густариш диҳад. Александров афзуд, дар пайи афзоиши рушди иқтисодии Чин Пекин мехоҳад ҳамкориҳои худро дар дигар заминаҳо, бахусус дар ҳавзаи низомӣ бо Тоҷикистон низ густариш диҳад.
Ин коршиноси рус бо баёни ин ки тасмими Пекин таҳдиде ба манофеи Русия нест, гуфтааст, ҳадафи ҳарду кишвар аз тақвияти марзҳои Тоҷикистон мубориза алайҳи терроризму тавсеаи субот дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ аст. Александров ҳамзамон таъкид кардааст, Амрико низ барои тақвияти марзҳои ҷанубии Тоҷикистон маблағ ҷудо намудааст.
Ин суханони коршиноси рус дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бархе аз таҳлилгарон нуфузи низомии Чинро дар минтақа мояи нигаронии Кремл дониста, онро нишонаи коҳиши нуфузи Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ унвон кардаанд.
Авоили моҳи августи имсол Чин, Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар мавриди таъсиси як эътилофи зиддитеррористӣ ба тавофуқ расиданд.