Феврал 12, 2020 10:24 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бадеҳии ширкати

Мизони бадеҳии ширкати "Барқи Тоҷик" дар соли 2019 ба нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" афзоиш ёфт.

Ба нақл аз сомонаи Авеста, бадеҳии ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" дар соли 2019 ба нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" бо афзоиши 245 миллион сомонӣ, ба 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ расид.

Ин нерӯгоҳ дар соли гузашта 2 миллиарду 294 миллион киловатт/соат барқ тавлид кард, ки дар муқоиса бо соли 2018 ҳудуди 4 дарсад коҳиш доштааст.

Мудири нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" далели ин мизон коҳиши тавлиди барқро, мушкилоти молии ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" эълом кардааст.

Аз нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1", ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2009 баҳрабардорӣ шуд. Ин нерӯгоҳ 12 дарсад аз барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистонро тавлид мекунад. Русия молики 75 дарсад аз саҳоми ин нерӯгоҳ аст.