Феврал 12, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 7 миллиондолларии Бонки Бозсозӣ ва Тавсеаи Аврупо ба Тоҷикистон

Бонки Бозсозӣ ва Тавсеаи Аврупо ба Тоҷикистон 7 миллион доллар кумак кард.

Ба гузориши “Форс”, Бонки Бозсозӣ ва Тавсеаи Аврупо ин мизон кумаки молиро барои иҷрои 2 тарҳ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Кӯлоб, ба Тоҷикистон пардохт мекунад.

Тавофуқномаи пардохти ин кумаки молиро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазир молияи Тоҷикистон ва Айтен Рустамова, намояндаи доими Бонки Бозсозӣ ва Тавсеаи Аврупо дар ин кишвар имзо карданд.

Тибқи ин тавофуқнома, 5 миллион доллар аз он кумакҳои билоивази дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария аст, ки барои иҷрои тарҳи “Тавсеаи ҳамлунақли умумӣ дар шаҳри Хуҷанд” ҳазина мешавад ва 2 миллиони боқимонда барои тарҳи “Мудирияти пасмонди ҷомиди шаҳри Кӯлоб” ихтисос меёбад.

Ҳадафи аслии тарҳи муаррифии фанновариҳои навин барои мудирияти пасмондҳои ҷомид, равишҳои ҷадиди ҷамъоварӣ ва дафъи партоб, афзоиши сатҳу кайфияти хадамот, беҳбуди вазъияти беҳдоштӣ ва зистмуҳитӣ дар шаҳри Кӯлоб аст.