Феврал 14, 2020 18:43 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 161 узви созмонҳои ифротӣ дар Тоҷикистон дар соли 2019

Вазири дохилии Тоҷикистон гуфт, тайи соли гузаштаи мелодӣ теъдоди зиёде аз аъзои созмонҳои террористӣ ва ифротӣ тавассути полиси ин кишвар боздошт шуданд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ аз боздошти теъдоди зиёде аз аъзои созмонҳои террористӣ ва ифротӣ тайи як соли гузаштаи мелодӣ хабар дод.

Бинобар суханони вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар соли гузаштаи мелодӣ 1 ҳазору 211 ҷиноят бо моҳияти террористӣ сабт шудааст.

Вай афзуд, дар соли 2019 мелодӣ дар қаламрави Тоҷикистон 2 иқдоми террористӣ анҷом ва аз ду амали террористии дигар ҷилавгирӣ шудааст.

Раҳимзода гуфт, 161 узви созмонҳои террористӣ шиносоӣ ва боздошт шуданд, 218 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар даргириҳои мусаллаҳона дар хориҷ аз кишвар ширкат доштанд, бо кумаки ниҳодҳои муртабит ба меҳан бозгаштанд.

Тибқи гуфтаҳои Раҳимзода, дар маҷмуъ беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар даргириҳои мусаллаҳона дар қаламрави кишварҳои сеюм ҷон бохтаанд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, 2 ҳазору 449 шаҳрванди Тоҷикистон таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд ва 1 ҳазору 162 нафари дигар, ки таҳти пайгард қарор доштанд, боздошт шуданд.

Раҳимзода гуфт, дар соли 2019 мелодӣ дар Тоҷикистон 665 аслиҳа, аз ҷумла 65 Калашников тавассути полис кашфу мусодира шудааст.

 

Барчасп