Феврал 17, 2020 09:45 Asia/Dushanbe
  • Зиёни молии Тоҷикистон аз содироти алюминий ва пахта ба хориҷ

Муовини раиси Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз зиёни молии ин кишвар аз содироти ду маҳсули асосӣ алюминий ва пахта ба хориҷ дар соли 2019 хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюз, Азим Турсунзода гуфтааст, ки бо вуҷуди афзоиши содироти алюминий ва пахта ба хориҷ дар соли 2019 Тоҷикистон дучори хисоратҳои молӣ шудааст.

Ба гуфтаи вай ҳарчанд дар соли 2019 аз нигоҳи вазн содироти алюминий ва пахта дар муқоиса бо соли 2018 наздики 4 ҳазор тонна афзоиш ёфта, аммо аз нигоҳи даромади молӣ 52 миллион доллар камтар арзоварӣ доштааст. Муовини раиси Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон  далели коҳиши даромади молии ин кишвар аз содироти алюминий ва пахта ба хориҷ дар соли 2019-ро пойин омадани нархи ин ду маҳсул дар бозори ҷаҳонӣ унвон кард.

Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 мизони содироти конҳо ва маводи хоми саноатӣ низ наздик ба 32 ҳазор тонна дар соли 2019 коҳиш ёфт, ки Тоҷикистонро аз даромади арзии 103 миллиондолларӣ маҳрум кард. Дар ҳоле, ки саҳми содироти конҳо ва маводи хоми саноатӣ дар содироти Тоҷикистон беш аз 26 дарсадро ташкил медиҳад ва ҷойгоҳи нахустро дар миёни маҳсулоти содиротии ин кишвар дорад.

Азим Турсунзода гуфтааст, ки дар маҷмӯъ дар соли 2019 ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 4 миллиарду 400 миллион доллар буда, ки 3 миллиарду 300 миллион доллари он воридот (74  аз даҳ нуҳ дарсад) ва 1 миллиарду 100 миллион доллари он содирот (25 аз даҳ як дарсад) аст.

Вай тавозуни манфии ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба нафъи воридотро мушкили ҷиддӣ барои иқтисоди ин кишвар арзёбӣ кардааст.