Омодагии комили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои баргузории интихоботи маҷлис
(last modified Tue, 18 Feb 2020 05:44:22 GMT )
Феврал 18, 2020 10:44 Asia/Dushanbe
  • Омодагии комили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои баргузории интихоботи маҷлис

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон барои баргузории интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии комил дорад.

Ба нақл аз Ховар, Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилиии Тоҷикистон гуфт, аз тамомии кормандон ва имконоти Вазорати кишвар барои баргузории ҳарчи беҳтари интихобот истифода хоҳад шуд.

Рамазон Раҳимзода  гуфт,  барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ нақшаи махсус таҳия шуда, комиссияи байниидоравӣ таъсис ёфтааст, ки имрӯз кори худро оғоз мекунад.

Вазири корҳои дохилмм Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, итминон дорам, ки интихоботи дарпешистода дар фазои ором, солим ва амн баргузор хоҳад шуд.

Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали марти 2020 бо ҳузури намояндагони 7 ҳизби сиёсии ин кишвар баргузор хоҳад шуд.