Пирӯзии тими футболи ҷавонони Тоҷикистон дар баробари тими футболи Спартаки Маскав
Тими футболи ҷавонони Тоҷикистон тими футболи Спартаки Маскавро шикаст дод.
Тими ҷавонони Тоҷикистон (U 19) рӯзи гузашта, 17 феврал севвумин мусобиқаро дар урдуи тамринӣ дар Туркия баргузор кард.
Ин дидор дар яке аз варзишгоҳҳои кишвари Туркия баргузор шуд ва бо пирӯзии 2-3 тими ҷавонони Тоҷикистон ба поён расид.
Пеш аз ин, дар урдуи тамринӣ дар Анталия тими ҷавонони Тоҷикистон бо тимҳои ҷавонони Ҷорҷия натиҷаҳои 0-0 ва Виборгири Дания 4-0 мусобиқа доданд.
Пеш аз итмоми удругоҳи омӯзишӣ дар Туркия тими ҷавонони Тоҷикистон ду урдуи омодагии дигар баргузор мекунад.
Ҳамчунин қарор аст ин тим барои омодагии бештар дар таърихи 19 феврал ба баробари тими KFUM Roskilde-и Дания биравад ва дар 22 феврал ҳам дар баробари тими ҷавонони ССКА-и Маскав бозӣ кунад.
Урдуи тамринии Анталия яке аз мароҳили омодасозии тими ҷавонони Тоҷикистон барои омодагии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 аст, ки аз 14 то 31 октиябр дар Узбакистон баргузор мешавад.