Феврал 20, 2020 09:43 Asia/Dushanbe
  • Пардохти миқдоре аз қарзи Тоҷикистон ба Чин дар соли 2019

Тоҷикистон дар соли 2019 миқдорое аз қарзҳои худро ба Бонки Воридот ва Содироти Чин пардохт кард.

Ба нақл аз Авесто , мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтанд , дар соли 2019 қарзҳои ин кишвар ба Бонки Воридот ва Содироти Чин 1 миллиарду 183 миллион доллар буд ,ки 83 миллион доллар аз ин мизон қарз пардохт шуд.

Онҳо эълом карданд , аз 83 миллион долларе,ки Тоҷикистон дар соли гузашта ба Бонки Воридот ва Содироти Чин пардохт кард ,60 миллиону 800 ҳазор доллар қарз ва бақия суди вом будааст. Дар маҷмуъ Тоҷикистон , дар соли 2019 бобати қарзҳои хориҷии 221 миллиону 800 ҳазор доллар пардохт кардааст.

Файзиддин Қаҳорзода вазири молияи Тоҷикистон эълом кард , қарзҳои хориҷии кишвар ҳудуди 2 миллиону 900 миллион доллар аст.

Ӯ гуфт ; ин мизон қарз муодили 36 дар сад аз тавлиди нохолиси миллӣ аст.