Феврал 22, 2020 09:54 Asia/Dushanbe
  • Бахшидани қарзи 1 миллиард сомонии ширкати давлатии Барқи тоҷик

Мудири ширкати давлатии Барқи тоҷик аз бахшидани қарзи 1 миллиард сомонии ин ширкат дар соли гузашта хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷикта, Мирзо Исмоилзода эълом кард , дар соли 2019 масулони ширкат тавонистанд бо таваҷуҳ ба беҳтар шудани вазъияти молӣ, 231 миллион сомонӣ аз қарзҳои худро ба Вазорати молияи Тоҷикистон пардохт кунанд.

Вай гуфт; то аввали моҳи январ мизони қарзҳои ширкати давлатии Барқи тоҷик ба 26 миллиард сомонӣ ( муодили 2 миллиарду 600 миллион доллар ) расид.

Ӯ ҳамчунин эълом кард, 5 миллиард сомонӣ аз ин мизон қарзи ширкат ба ду неругоҳи барқӣ обии Сангтудаи 1 ва 2 аст.

Мудири ширкати давлатии Барқи тоҷик гуфт ; дар соли гузашта ширкати Барқи тоҷик 453 миллион сомонӣ ҳам молиёт пардохт кардааст.

Ӯ гуфт ; ин ширкат ба нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун низ соли гузашта ,68 миллион сомонӣ пардохт кард.

Мирзо Исмоилзода афзуд ; Ожонси давлатии обёрии Тоҷикистон бо 216 миллиону 700 ҳазор сомонӣ , ширкатҳои кишоварзӣ бо 173 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, Созмони оби Тоҷикистон бо 57 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ва ширкати Санойеъи шимёии тоҷик бо 26 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба унвони қарздортарин идораҳо ба ширкати Барқи тоҷик ҳастанд.

Ширкати давлатии Барқи тоҷик бо қарзи 26 миллиард сомонӣ ( муодили 2 миллиарду 600 миллион доллар ) қарздортарин Созмони давлатӣ дар Тоҷикистон аст.