Феврал 22, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазири Тоҷикистон бо муҷрии сохти нерӯгоҳи Барқи обии Роғун

Дидори нахуствазири Тоҷикистон бо паймонкори сохти нерӯгоҳи Барқи обии Роғун дар Душанбе , наҳваи идомаи фаъолияти умронии муҷрии тарҳи баррасӣ шуд.

Ба нақл аз сомонаи Осиё плюс , Қоҳир Расулзода ва  Питер Салинӣ мудири ширкати италиёии  Salini Impregilo ( Салини Империгалио ) дар ин дидор дар бораи чигунагии ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат барои такмили ҳарчи сариътари Нерӯгоҳ баҳс ва табодули назар карданд.

Ширкати италиёии ( Салинӣ Империгалио ) аз соли 2016 идомаи сохти нерӯгоҳи Роғунро баруҳда гирифт ва тавонист ду турбинаи ин нерӯгоҳро дар моҳҳои ноябри 2018 ва сентиябри 2019 ба итмом бирасонад.

Маблағи қарордоди Тоҷикистон бо ин ширкат барои сохти нерӯгоҳи Роғун 3 миллиарду 900 миллион доллар ,ки 1 миллиарду 950 миллион доллар аз ин маблағ барои сохти садди нерӯгоҳ бо иртифоъи 335 метр хоҳад буд.

Мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, имсол барои идомаи сохти нерӯгоҳи Барқи обии Роғун 216 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд.

Нерӯгоҳи Роғун бо садди хокии 335 метри ва зарфияти тавлиди 17 миллиард килловват соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи Барқи обии минтақа аст.