Ҳалокати раиси додгоҳи минтақаи Истаравшан дар садамаи нақлётӣ
Раиси додгоҳи ноҳияи Истаравшан дар шимоли Тоҷикистон бар асари садамаи нақлётӣ ҳалок шуд.
Ба гузориши сомонаи Фарғона, маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълом кард, Содиқҷон Ваҳҳобзода,раиси додгоҳи Истаравшани минтақаи Суғди Тоҷикистон ба иллати садамаи нақлётӣ ба ҳалокат радааст.
Ин садама асри 20 феврал дар киллометри 185 бузургроҳи Душанбе - Чаноқ, ки пойтахтро бо минтақаи шимоли Тоҷикистон муттасил мекунад рух дод.
Дар наздикии рӯстои Фирдавсии бахши Шаҳристон, ронандаи "Опел-Зафира”-и ҳомили Содиқҷон Ваҳҳобзода уҳдаи идора воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи «Камаз»,ки бар асари ин ду мусофири худрави "Опел-Зафира” аз ҷумла қозии минтақаи Истаравшан ҳалок шуданд.
Дуввумин ҳалок шуда Исроилҷон Ваҳҳобови 35 сола сокини минтақаи Истаравшан буд.
Ду нафари дигар дар ин садамаи нақлиётӣ ба бемористон мунтақил шуданд.