Сармоягузории садҳо миллион долларии ширкати чинии TBEA дар бахши энержии Тоҷикистон
(last modified Sat, 22 Feb 2020 12:30:31 GMT )
Феврал 22, 2020 17:30 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории садҳо миллион долларии ширкати чинии  TBEA  дар бахши энержии Тоҷикистон

Ширкати чинии TBEA садҳо миллион доллар дар бахши энержии Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

Ширкати чинии  TBEA, ки тавсеадиҳандаи тарҳҳои трансформатор ва созандаи трансформаторҳои қудрат ва дигар таҷҳизоти электроникӣ аст бо ҳудуди як даҳсола фаолият дар Тоҷикитон садҳо миллион доллар дар бахши энержии ин кишвар сармоягузорӣ кардааст.

Масъулони Ожонси телеграфи Тоҷикистон гузориш доданд, бо кумаки мутахассисони чинӣ, бархе аз тарҳҳо барои сохти хатҳои волтажи боло иҷро шуд, ки системҳои барқи минтақаҳои марказии Тоҷикистонро ба минтақаҳои шимолӣ васл мекунад.

Ҳамчунин ширкати TBEA хутути интиқоли (500 киловолт) нерӯи барқи ҷануб-шимол, Лолазор-Хатлон (220 киловолт) Хуҷанд ба минтақаи Айниро иҷро карда ва чандин иншооти фаръӣ ҳам дар Душанбе сохтааст. Муҳандисони барқи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин тарҳҳо барои бахши энержӣ ва иқтисоди ҷумҳурӣ аҳамият дорад.

Ин мутахассисон таъкид карданд, бо иҷрои ин прожаҳо, як системи энержии якпорча дар ҷумҳурӣ эҷод шуда ва имкони эҷоди технологиҳои нави тавлиди энержӣ ҳам эҷод хоҳад шуд.