Осонсозии сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон
(last modified Mon, 24 Feb 2020 04:48:59 GMT )
Феврал 24, 2020 09:48 Asia/Dushanbe
  • Осонсозии сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон аз иҷрои қонуни осонсозии сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар хабар додаанд, ки бо визаи як бор вуруд метавонанд ду моҳ дар ин кишвар ҳузур дошта бошанд.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, ҳамчунин ашхосе, ки визаи чанд бор вуруд ба Тоҷикистон дарёфт мекунанд аз имкони чанд бор хуруҷ ва вуруди дубора ба ин кишвар бархурдор хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҳазинаи судури виза барои мусофироне, ки қасд доранд якбор ба ин кишвар сафар кунанд 30 доллар аст, аммо ин ашхос метавонанд визаи 60 рӯзаи сафар ба Тоҷикистонро бо пардохти 50 доллар дарёфт кунанд.

Ҳамчунин судури визаи 3 ва 5 сола барои сармоягузороне, ки қасди сафар ба Тоҷикистон доранд баррасӣ мешавад.

Тоҷикистон дар ҳоле барномаи ҷазби бештари гардшигарони хориҷиро дар дастури кор қарор додааст, ки ба гуфтаи коршиносон ҳануз ҳам мушкилоте дар заминаи таъмини шароити матлуби ҳузури гардишгарони хориҷӣ, суръати пойини интернет ва камбуди меҳмонхона дар минтақаҳои деҳоти ин кишвар вуҷуд дорад.

Афзалшоҳ Ҷабборов устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки бо гардишгарони хориҷӣ кор мекунад мегӯяд як нафар аз ҳар се нафаре, ки ба ин кишвар ворид мешавад аз тарзи бархурди маъмурони фурудгоҳи Душанбе ва кормандони полиси роҳ шикоят мекунад.

Аз сӯи дигар Андрей Дала Алия масъули барномаи рушди минтақаҳои деҳотӣ дар Бонки ҷаҳонӣ таъкид кардааст пазироӣ аз гардишгарони хориҷӣ дар деҳоти Тоҷикистон ниёз ба беҳбуд дорад, зеро таъмини шароити матлуби он, маскан ва интернет дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон бисёр пойин мебошад. Дар сурате, ки гардишгарони хориҷӣ хостори пардохти ҳазинаи иқомат, ғизо ва хадамоти меҳмонхонаҳо аз тариқи интернет ҳастанд, дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон ин имкон вуҷуд надорад.

Ҳамасола беш аз як миллион нафар гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.