Феврал 24, 2020 10:07 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз нахустин нерӯгоҳи хуршедӣ дар ноҳияи Мурғоб дар моҳи майи имсол

Масъулони Ширкати энержии вилояти Бадахшон аз баҳрабардорӣ аз нахустин нерӯгоҳи хуршедӣ дар ноҳияи Мурғоб дар моҳи майи соли равон хабар доданд.

Ба нақл аз Спутник, Амирхон Раҳимов- мудири Идораи тавлиди барқ дар Ширкати энержии вилояти Бадахшон гуфтааст, ки ин нерӯгоҳ бо зарфияти тавлиди 200 киловат соат барқ дар шабонарӯз метавонад ниёзи бахше аз сокинони ноҳияи Мурғобро, ки яке аз муртафаътарин минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд бо барқ таъмин намояд.

Вай таъкид кардааст, ки дар моҳи апрели соли равон насби таҷҳизоти нерӯгоҳи хуршедӣ дар ноҳияи Мурғоб оғоз ва як моҳ баъд низ барқи ин марказ вориди шабакаи барқи вилояти Бадахшон хоҳад шуд.

Ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшон ва наздикии марз бо кишвари Чин дар баландии се ҳазору 600 метрӣ аз сатҳи дарё қарор гирифта ва муртафаътарин ноҳияи Тоҷикистон мебошад, ки сокинони ин минтақаи сардсир ниёзи шадиде ба барқ доранд.

Лозим ба зикр аст нерӯгоҳи оби барқии ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон рӯзхи 14 сентябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид, ки бо сармояи ҳафт миллион евраии давлати Олмон сохта шудааст.

Ин нерӯгоҳ бо зарфияти тавлиди 1500 киловат соат барқ аз назари таъсис дар минтақаҳои муртафаъ, нахустин дар Тоҷикистон ва дуввумин дар ҷаҳон аст.