Феврал 24, 2020 20:28 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи муваққати парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон

Ожонси ҳавонавардии кишварии Тоҷикистон имрӯз дастури таваққуфи муваққати парвозҳо миёни Теҳрон ва Душанберо ба далели пешгирӣ аз густариши коронавирус содир кард.

Ба гузориши сомонаи Авесто,  Азиз Набизода, муовини аввали раиси Оҷонсии ҳавонавардии кишварии Тоҷикистон гуфт,  имрӯз дар нишасти ин созмон дар бораи таваққуфи муваққати парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон барои пешгирӣ ва интиқоли вируси корона дар Ҷумҳурии исломӣ ин тасмим гирифта шуд.

Вай таъкид кард, ин иқдом муваққатӣ буда то замони оддӣ шудани авзои вируси корона дар Ҷумҳурии Исломии Эрон идома хоҳад дошт.

Дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистон ва Эрон ду парвоз дар ҳафта тавассути ширкати ҳавопаймоии "Вориш"-и Эрон анҷом мешавад. Ин ширкат рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта аз Машҳад ба Душанбе ва билакс як парвозонҷом медиҳад. Ҳамчунин ин ширкати ҳавопаймоӣ рӯзҳои душанбеи ҳарҳафта мусофиронро дар масири Теҳрон- Душанбе ва Бишкек, пойтахти Қирғизистон мунтақил мекунад.