Мамнуияти муваққатии сафари ҳаҷи умра барои тоҷикон
Бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард.
Ба гузориши Азия Плюс, вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ эълом кард, “вуруд ба шоҳигарӣ бо мақсади адои маросими ҳаҷи умра ва боздид аз Масҷиди Паёмбар(с) муваққатан боздошта шуд”.
Дар Тоҷикистон ба фиристодани шаҳрвандон ба адои маросими ҳаҷи умра ду ширкат – “Расул” ва “Ормон” машғуланд.
Саъдулло Қурбонов,мудири ширкат гуфт, қарор буд рӯзи ҷумъа 50 нафар аз Душанбе ба Ҷидда эъзом шаванд ва Арабистони Саудӣ ин мамнуиятро бартараф хоҳад кард.Ӯ гуфйт, зоироне, ки наметавонанд мунтазир бимонанд, метавонанд пулҳои пардохтии худро дарёфт кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати “Расул” қаблан се гурӯҳи иборат аз 100 нафар зойиринро ба ҳаҷи умра фиристодааст.
Бар асоси эъломи Кумитаи умури динии давлати Тоҷикистон, соли гузашта 3 ҳазору 273 тоҷик ба ҳаҷи умра эъзом шуданд.