Эъзоми боксёрҳои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти интихобии олимпӣ дар Урдун
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51304-Эъзоми_боксёрҳои_Тоҷикистон_барои_ширкат_дар_мусобиқоти_интихобии_олимпӣ_дар_Урдун
Тими бокси Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии олимпӣ, ки аз 3 то 11 март дар Урдун баргузор мешавад, ширкат мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 28, 2020 17:56 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми боксёрҳои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти интихобии олимпӣ дар Урдун

Тими бокси Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии олимпӣ, ки аз 3 то 11 март дар Урдун баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Ба гузориши “Авесто”, тими бокси Тоҷикистон бо 15 нафар, аз ҷумла 12 варзишкор дар мусобиқоти интихобии олимпӣ ширкат мекунад.

Бар асоси эъломи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқот дар 13 вазн (8 нафар дар байни мардҳо ва 5 нафар дар байни бонувон) баргузор хоҳад шуд.

 250 боксёр аз 40 кишвари ҷаҳон қасд доранд дар ин мусобиқот ширкат кунанд. 41 саҳмияи ширкат дар олимпик барои мардон ва 22 саҳмия барои занон дар ин мусобиқот мушаххас ва интихоб мешаванд.

Сумая Қосимова, Мижгон Самадова, Шоир Зулқарнаев, Нилуфар Бобоёрова, Шуҳрат Сабзалиев, Бахтовар Сагизов, Баҳодур Усмонов, Шералӣ Маҳмадалиев ва Мирзомуҳаммадӣ Бахтиёров аъзои тими миллии бокси Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.