Коҳиши теъдоди вуқӯи ҷурм дар минтақаи Хатлон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51306-Коҳиши_теъдоди_вуқӯи_ҷурм_дар_минтақаи_Хатлон
Бо иқдомоти иҷрошуда аз сӯи мақомот дар минтақаи Хатлон, теъдоди ҷароим дар ин минтақа коҳиш ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 28, 2020 19:52 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши теъдоди вуқӯи ҷурм дар минтақаи Хатлон

Бо иқдомоти иҷрошуда аз сӯи мақомот дар минтақаи Хатлон, теъдоди ҷароим дар ин минтақа коҳиш ёфт.

Ба гузориши “Ховар”, дар соли гузашта дар минтақаи Хатлон теъдоди вуқӯи ҷурм коҳиш ёфтааст.

Раиси аршади идораи ҳуқуқии минтақаи Хатлон Маҳбуба Усмонқулова дар ҷаласаи комиссияи умумии мубориза бо фасоди минтақаи Хатлон гуфт, ин коҳиши ҷурм ба иллати иқдомоти иҷрошудаи ҳадафманд дар байни сокинони ин минтақа будааст.

Дар ин ҷаласа хотирнишон шуд, ки дар бархе шаҳрҳо ва манотиқ ҳанӯз навоқис ва мушкилоте дар кори комиссияҳои умумӣ барои муқобила бо фасод вуҷуд дорад.

Мануҷеҳр Қурбонзода, раиси гурӯҳи пешгирӣ аз фасоди Ожонси давлатии назорати молӣ ҳам аз ширкаткунандагон дар ин ҷаласа буд.