Феврал 28, 2020 21:04 Asia/Dushanbe
  • Баргузории дувумин ҷашнвораи байналмилалии “Ҷавонон” дар минтақаи Хатлон

Дувумин ҷашнвораи байналмилалии “Ҷавонон” дар минтақаи Хатлон баргузор мешавад.

Ба гузориши “Спутник”, дар ин ҷашнвора ҳудуди 300 ҷавон аз саросари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Ин ҷашнвораи байналмилалии фарҳангии “Ҷавонон” бо шиори “Зинда бод дӯстии ҷавонони ҷаҳон” дар баҳор баргузор хоҳад шуд.

Ин ҷашнвора аз 18 март дар Хатлон баргузор мешавад.

Ин рӯйдод ба унвони бахше аз ҷашни рӯзи ҷаҳонии Наврӯз барномарезӣ шудааст ва қарор аст меҳмонони дипломатӣ, раҳбарони ҷавони созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ба ҷашнвораи фарҳангӣ даъват шаванд.

Ҷашнвораи “Ҷавонон” бо талоши Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои дувумин сол паёпай баргузор мешавад ва ҳадафи аслии ин ҷашнвора тақвияти дӯстӣ байни ҷавонон аз саросари ҷаҳон аст.

Ҳамчунин қарор аст дар ҳошияи ин ҷашнвора як маркази ошпазӣ низ ифтитоҳ шавад.

Консерт, мусобиқоти адабӣ ва мушоира ба забони бумии ҳар кишвар, мусобиқоти бузкашӣ, намоишгоҳи акс ва боздид аз аз куҳистони Данғара аз барномаҳои ин ҷашнвора аст.