Март 03, 2020 13:04 Asia/Dushanbe
  • Мамнӯъ шудани сафари шаҳрвандони 35 кишвар ба Тоҷикистон

Сафари шаҳрвандони 35 кишвар ба Тоҷикистон мамнӯъ шуд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Ожонси ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ва дохилӣ дархост кард аз интиқол ва фурӯши чипта ба шаҳрвандони 35 кишвар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. 

Ҳамчунин аз ширкатҳои хадамоти гардишгарӣ дархост шудааст, ки барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус шаҳрвандони ин 35 кишварро аз рӯйхатти гардишгарон ҳазф кунанд.

Рӯйхатти мамнӯияти вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон шомили кишварҳои Чин , Жопон, Корея, Ветнам, Сингапур, Австралия, Малайзия, Камбоҷа, Филиппин, Таиланд, Непал, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Финландия, Италия, Британия, Испания, Шветсия, Белгия, Исроил, Австрия, Хорватия, Швейтсария, ИМА, Канада, Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Эрон, Лубнон, Кувайт, Баҳрайн, Уммон, Афғонистон, Ироқ, Алҷазоир ва Фаронса аст.

Азиз Набизода, муовини раиси Созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон гуфт, ки ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ва дохилӣ бояд чиптаи шаҳрвандони кишварҳои ёдшударо барои сафар ба Тоҷикистон пас диҳанд. 

Ӯ гуфт, дар сурати мушоҳидаи вуруди шаҳрвандони ин кишварҳо ба Тоҷикистон бо ҳамон парвоз ба кишварашон баргардонда хоҳанд шуд.

Дафтари намояндагии ширкати Turkish Airlines бо таъиди дарёфти номаи Созмони ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон эълом кард, ки аз интиқоли шаҳрвандони кишварҳои ёдшуда ба Тоҷикистон худдорӣ хоҳад кард.