Март 03, 2020 17:13 Asia/Dushanbe
  • Оғози  кори парлумони ҷадиди Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳури ин кишвар

Парлумони ҷадиди Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳури ин кишвар ба таври расмӣ кори худро оғоз мекунад.

Ба гузориши “Азия плюс” қарор аст, аввалин ҷаласаи парлумони ҷадиди Тоҷикистон 17 март бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор шавад.

Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 3 март ҳукми намояндагон ва дастури оғози фаъолияти парлумони ҷадидро имзо кард.

Дар аввалин ҷаласаи парлумони Тоҷикистон раис, се муовини вай ва руасои кумитаҳои маҷлис ва комиссияҳо интихоб мешаванд.