Оғози  кори парлумони ҷадиди Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳури ин кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51450-Оғози_кори_парлумони_ҷадиди_Тоҷикистон_бо_ҳузури_раисҷумҳури_ин_кишвар
Парлумони ҷадиди Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳури ин кишвар ба таври расмӣ кори худро оғоз мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 03, 2020 13:43 Asia/Dushanbe
  • Оғози  кори парлумони ҷадиди Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳури ин кишвар

Парлумони ҷадиди Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳури ин кишвар ба таври расмӣ кори худро оғоз мекунад.

Ба гузориши “Азия плюс” қарор аст, аввалин ҷаласаи парлумони ҷадиди Тоҷикистон 17 март бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор шавад.

Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 3 март ҳукми намояндагон ва дастури оғози фаъолияти парлумони ҷадидро имзо кард.

Дар аввалин ҷаласаи парлумони Тоҷикистон раис, се муовини вай ва руасои кумитаҳои маҷлис ва комиссияҳо интихоб мешаванд.