Март 04, 2020 12:00 Asia/Dushanbe
  • Дархости дубораи Бонки Ҷаҳонӣ барои афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ иддао кардааст, Тоҷикистон бояд то соли 2025 бо афзоиши пиллаконии қимати барқ дар ин кишвар, авзои ширкати бадеҳкори "Барқи Тоҷик"-ро беҳбуд бахшад, то дигар ниёзе ба кӯмаки молӣ ба ин ширкат набошад.

Ба нақл аз сомонаи Top Tj, дар гузориши 90-саҳифаии Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи вазъи бахши энергетикаи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ихтисоси кӯмакҳои молӣ ба ин кишвар, танҳо дар сурати афзоиши пиллаконии қимати барқ то соли 2025 имконпазир хоҳад буд, то ширкати "Барқи Тоҷик" битавонад аз ҳисоби пардохти пули барқи масрафӣ аз сӯи муштариён, бадеҳии худро сифр кунад.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мӯътақиданд, ки барои ин манзур ба Тоҷикистон 134 миллион доллар кӯмаки ройгон ихтисос дода хоҳад шуд ва танҳо дар сурати бароварда шудани дархостҳои ин ниҳоди молии байналмилалӣ мабнӣ бар афзоиши қимати барқ дар дохили ин кишвар, Душанбе метавонад ба рақобати вомҳои бештар умед дошта бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳар киловатт/соат барқи хонагӣ аз аввали моҳи сентябри соли 2019 барои бахши хонагӣ ба 22,66 афзоиш ёфт. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ хостори афзоиши 15 дарсадии қимати ҳар киловатт/соат барқ то соли 2021 ва аз соли 2022 то 2024 ба мизони 8 дарсад таи ҳар сол шудааст.