Март 04, 2020 18:07 Asia/Dushanbe
  • Судури муҷаввиз барои ҳузури хабарнигорон дар мусобиқоти хонагии тими миллии футболи Тоҷикистон

Судури корт ва муҷаввиз барои ҳузури хабарнигорон дар дидорҳои хонагии тими футболи Тоҷикистон дар Ҷоми футболи 2020 оғоз шудааст.

Ба гузориши Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи клуби “Истиқлол” -и Тоҷикистон, раванди судури муҷаввизи хабарнигорон барои ҳузур дар дидорҳои хонагии қаҳрамонии Тоҷикистон дар Ҷоми AFC -  2020 - ро оғоз карданд.

Намояндагони расонаҳо бояд як қитъа акси 3 дар 4 -ро ба ҳамроҳи номи расона, портали интернетӣ, телевизион, радио, номи хонаводагӣ, номи рӯзноманигорон ва шумораи телефон ба е-майли:

[email protected] ирсол кунанд.

Ин муҷаввизҳо дар се бахши хабарнигорони мактуб, хабарнигорони акс ва филм содир мешавад.

Кортҳои ҳузури хабарнигорон ҳам 10 март дар як конфронси матбуотӣ қабл аз бозии аввали марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҳазфии AFC -2020 -и Хуҷанд ба хабарнигорон таҳвил мешавад.