Пешбинии дамои болои 24 дараҷа сантиград барои бештари манотиқи Тоҷикистон
(last modified Thu, 05 Mar 2020 09:55:18 GMT )
Март 05, 2020 14:55 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии дамои болои 24 дараҷа сантиград барои бештари манотиқи Тоҷикистон

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон дамои болои 24 дараҷа сантиградро барои бештари манотиқи ин кишвар пешбинӣ кард.

Бино ба хабаргузории Спутник ожонси  ҳавошиносии Тоҷикистон гузориш дод  дамои имрӯзи Душанбе 20 дарҷаи сантиград болои сифр аст ва   пешбинии мешавад, ки дамои ҳаво аз +22 ° c то + 24 ° c бо пӯшиши абр мутағайир ва бидуни бориши борон афзоиш меёбад. Алорағми гарм шудан қобили таваҷҷуҳ дар рӯз , дар шаб дамои ҳаво ба 4то 6 дараҷа сантиград  болои сифр коҳиш меёбад. Дар минтақаи Суғд низ пешбинӣ мешавад дар рӯз дар ҳудуди + 13то18 дараҷа сантигрод ва дар шаб аз -4 дараҷаи  сантиград то + 1 дараҷа сантиград  дамои ҳаво мутағайир бошад.

  Дар вилояти Бадахшон ҳам пӯшиш абр мутағайир ва борандагӣ  пешбинӣ мешаваду дамои ҳаво дар шаб аз -3 то -8 дараҷа сантиград ва дар рӯз то + 14 дараҷа сантиград  дамо тағир хоҳад ефт.

Дар  манотиқе аз ҷумҳурӣ ҳам дамои ҳаво то + 22 дараҷа сантиград гарм мешавад ва дар шаб ҳам дамо ба 0 дараҷа сантиград коҳиш дорад.

  Дар минтақаи  Хатлон низ , обуҳаво гарм ва бидуни бориш пешбинӣ мешаваду дараҷаи  ҳарорат дар рӯз аз +19 то +24 дараҷа сантиград ва дар шаб аз миёнгини 7 то 14 дараҷа сантиград хоҳад буд.